Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:11

7217 ТТ чаро ба Убайдуллоев итоат намекунад?

15 ноябр 2012, 04:17

Ронандаи мусофиркаши №13, рақами давлатияш 72-17 ТТ 01 аз ҳар мусофир талаб мекард, ки барои роҳкиро ду сомонӣ пардохт намояд.

Ин мусофиркаш овезаи  «Экспресс»-ро, ки тибқи қарори райиси шаҳри Душанбе ҳаққи ҳаракат аз нуқтаи аввал то истгоҳи охирро бо гирифтани 1 сомониву 60 дирами мусофир дорад, надошт, аммо ронанда исрор мекард, то мусофирон барояш ду сомонӣ бидиҳанд. Ӯ ҳатто баъзе мусофиронро, ки дар мавриди қарори шаҳрдор мегуфтанд, гӯш кардан намехосту «ба касе маъқул нест, фурояд» мегуфт. Гузашта аз ин ронанда дар «Стараекс», ки барои 8 нафар мусофир пешбинӣ шудааст, 10 нафар нишонда буд.

Таври маълум субҳ ва шом вақте одамон барои тадрису кор мераванд ва ё бармегарданд, мушкили пайдо кардани нақлиёт оғоз мешавад. Аз ин фурсат истифода намуда, ронандаи мусофиркашҳо маблағи хости дилашонро мегиранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Jamshed

  • 14 апрел 2013 21:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
1. агар "старекс" барои 8 нафар буд, пас чаро инро сари вакт пеш аз ба шахр даровардан фикр накарданд? Баъд бахона мешавад ки ин намуди наклётхо "не стандарт" мебошанд.

2. Дар бораи рохкиро 2 сомон гирифтанашон ман низ зид хастам.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!