Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:53

Озмуни ҷумҳуриявӣ. «Фарзанд азиз-одобаш аз вай азизтар»

15 ноябр 2012, 05:18

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таҳти ин унвон барои беҳтарин мақолаҳо, ҳикояву шеърҳо озмун эълон намудааст.

Тавре Раҳматулло Раҳматуллоев, сухангӯи вазорати фарҳанг ба Озодагон иттилоъ дод, барои иштирок дар озмун рӯзномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон даъват шудаанд. Ба гуфти ӯ, мақола, шеър ва ҳикояҳое, ки бахшида ба ҷараёни татбиқи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз рӯзи ба муҳокимаи умумихалқӣ гузоштан, қабули қонун ва то рӯзи эълон шудани шартҳои озмун дар рӯзномаҳои давлатии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии  Тоҷикистон ба табъ расидаанд, шарти асосии озмун маҳсуб меёбанд.

Манбаъ афзуд, дар озмун як ҷой барои рӯзномаҳои вилоятӣ (2000 сомонӣ), як ҷой барои рӯзномаҳои шаҳрӣ (1500 сомонӣ), се ҷой барои рӯзномаҳои ноҳиявӣ (2000, 1500, 1000 сомонӣ) ва ҷиҳати ҳавасмандгардонии муаллифон барои мақолаи беҳтарин, ҳикояи беҳтарин, шеъри беҳтарин мукофотҳои хотиравӣ муқаррар карда шудаанд.Озмун аз 1 то 30 ноябри соли 2012 гузаронида, 10 декабри соли 2012 дар шаҳри Душанбе, дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешавад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!