Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 16:19

Марги ду нафар бар асари беэҳтиётӣ аз барқ

16 июн 2011, 12:07

Беэҳтиёти бойиси марги ду нафар гардид.

Тибқи иттилои ВКД, субҳи дирӯз коргари заводи «Экскватор»-и шаҳри Душанбе Содиқ Қодирови 28-сола аснои фаъолияти меҳнатӣ ба симчӯби барқӣ бархӯрдааст ва пас аз интиқол ёфтанаш ба касалхона ба ҳалокат расидааст. Номбурда сокини деҳаи  «Варзоб- ГЭС»-и  ноҳияи Варзоб мебошад.
Ҳамчунин, ба ин ҳодиса монанд дар ноҳияи Дарвоз ноболиғ Комрони Маҳмадамир 13- сола ба болои симчӯби барқӣ баромада, ҳангоми кандани ноқилҳои барқӣ аз шиддати баланди ҷараёни барқ аз баландии 4- метр ба замин афтода, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилллои сарчашма, мавсуф сокини рустои Чухкаки ҷамоати Сағирдашт буда, дар синфи 6-уми мактаби рақами 38 таҳсил мекардааст.  







{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!