Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:07

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидов бо Нонсишай

17 ноябр 2012, 04:25

Дар Ҷибутӣ дар ҳошияи 39-уми нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ мулоқоти Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҷулапонг Нонсишай, муовини вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Таиланд баргузор гардид.

Давлат Нарзиев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки  дар рафти мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва инчунин мавзӯъҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: «Аз ҷумла, ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ба монанди СММ ва Муҳовараи Ҳамкориҳои Осиёӣ матраҳ гардида, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда табодули назар сурат гирифт».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!