Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:44

24-уми ноябр-таҷлили Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон

21 ноябр 2012, 05:39

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон, ки 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, қарореро ба тасвиб расонид.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ ба хабаргузории Озодагон иттиллоъ дод, ки 24-уми ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд: « Дар Душанбе дар ин рӯз бо ташаббуси ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Тоҷикистон барафрохта шуда, таҷлили Рӯзи парчами Тоҷикистон гузаронида шуд».

Лозим ба ёдоварист, 30-юми августи соли 2011 дар Душанбе парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр аст ва баландтарин пояи парчами давлатӣ дар мамолики ҷахон мебошад (хамчун рекорди Гиннес сабт шудааст).

Парчами  Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми майи соли 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар  кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!