Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:46

Душанбе ва Москав муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ мекунанд

22 ноябр 2012, 04:15

Имрӯз, 22-уми ноябр дар Душанбе Ҷаласаи 8-уми гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар ин нишаст масъулини Хадамоти Федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия  ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ширкат доранд, ки миёни ҷонибҳо масъалаҳои мухталиф , аз ҷумла рафти иҷроиши ҳолатҳои дар меморандум дарҷгардида, вазъияти феълии муҳоҷирати меҳнатӣ, расонидани кӯмак ба Марказҳои омӯзишгоҳҳои касбӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, баррасӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, масъалаи тафоҳумномае, ки миёни ин ду кишвар дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ки санаи  5-уми октябри соли 2012 зимни сафари раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ба имзо расида буд, дар ин ҳамоиш матраҳ хоҳад шуд.

Ҳамчунин таъсисӣ филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ, Донишгоҳи давлатии Техникии Қазон  ҷиҳати тайёр намудани мутахассисонӣ соҳавӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати Русия, аз мавзӯҳоест, ки дар ин нишаст сари он табодули афкор миёни тарафҳо сурат мегирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!