Аз 21 то 25-уми ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти Гурҷистон Фестивали 3-юми филмҳои Русия ва кишварҳои дигари ИДМ барпо мегардад.
Тавре ба Озодагон аз Маркази матбуотии фонди байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои ИДМ иттилоъ доданд, ҷашнвораи мазкур дар кинотеатри «Руставелӣ» сурат гирифта, он бо мусоидат ва ибтикори Фонди байналхалқии санъат ва гуфтугӯи фарҳангии Тифлис, маркази продюссерии «Кинопротссес»-и Москва ва дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ ҷараён мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки бори аввал чунин фестивал дар соли 2010 барпо гашта буд ва он барои таҳкими робитаҳои дӯстӣ, фарҳангӣ ва рушди санъати кино дар минтақа мусоидат менамояд. Дар доираи он беш аз 70 намоишу вохӯриҳои ҷолиб доир мегарданд. Ҳамзамон, дар рафти фестивал беш аз 30 филми коргардонҳо ба тамошобинон намоиш дода мешавад.
Дар кори фестивал филмофарон аз Русия, Озарбайҷон, Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина, Ӯзбакистон ва Гурҷистон ширкат меварзанд.
Мӯҳр