Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:38

Маҳфили донишҷӯёни тоҷик дар Маскав

23 ноябр 2012, 05:04

Дар шаҳри Маскави пойтахти Русия, дар донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия маҳфили байналмилалӣ бо номи «Кишвари азизи ман»  бо иштироки донишҷӯёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон,  баргузор гардид.

Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Озодагон иттиллоъ доданд, ки пеш аз оғози маҳфил ва барномаҳои консертии донишҷӯён, ҳозирин бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ  ва намунаҳои ошхонаи миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ шинос шуданд: «Сипас, дар толори асосии донишгоҳ  барномаи фарогири фарҳангӣ намоиш дода шуд».

Манбаъ мегӯяд, барномаи донишҷӯёни тоҷик бо унвони «Кишвари кӯҳсори ман» ки дар он анвои либоси миллӣ ва рақсу таронаҳои манотиқи Тоҷикистон муаррифӣ гардид, аз сӯйи ҳозирин хуш пазируфта шуд.

Гуфта мешавад, чанд сол боз тоҷикистониёни зиёде донишгоҳи мазкурро хатм карда, дар ҳоли ҳозир беш аз 50 донишҷӯи тоҷик дар риштаҳои гуногуни ин даргоҳи илм ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!