Тайи 10 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 3 миллиард доллари амрикоӣ маблағ ворид шудааст.
Ин дар ҳолест, ки маболиғи воридшуда ба Тоҷикистон дар соли гузашта дар маҷмӯъ 2 миллиарду 96 миллион долларро ташкил дода, ин рақам дар қиёс соли гузашта 33,6 дар сад афзоишро нишон медиҳад.
Гуфта мешавад, ки бахши аслии маболиғи интиқолӣ ба Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории мутаалиқ мебошад, ки дар Русия ва Қазоқистон кору фаъолият доранд.Тибқи иттилои расмии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ 660 ҳазор нафар тоҷикистониён барои дарёфти кор ба Русия рафтаанд.
Аммо маълумоти ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷиронро бештар аз 1-у ним миллион арзёбӣ мекунад
Мӯҳр