Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июл 2017, 21:52

Нелли Уварова, сарояндаи рус ба Душанбе омад

24 ноябр 2012, 03:46

Нелли Уварова, ҳунарманди ҷавони рус бо гурӯҳи ҳунармандони театри акдемии ҷавонони шаҳри Маскав барои пешниҳоди намоишнома ва дидор бо мухлисони хеш вориди Душанбе шуданд.

Сӯҳроб Мирзоев, директори театри давлатии русии драмавии ба номи ВладимирМаяковскии пойтахт ба Озодагон иттилоъ дод, ки ҳунарманд Нелли бо гурӯҳи ҳамкасбони худ то 25-уми ноябр дар Тоҷикистон намоишнома бо номи «Қоидаи рафтор дар ҷаҳони муосир» (Правила поведения в современном обществе)-ро манзури бинандагон мегардонанд: «Бегоҳии имрӯз,23-уми ноябр ин нақш дар театри мо манзури бинандагон мегардад. Ин гурӯҳ аз нӯҳ нафар иборат аст. Дар баробари намоиш коргардони театри рус ба донишҷӯёни Донишкадаи санъат ва ҳунармандони тетари мо дарси омӯзишӣ оид ба маҳорати нутқ ва ҳунари актёрӣ  мегузаронанд».

Маврид ба зикр аст, сафари ҳунарии актиёрони рус тибқи барномаи бастаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон, масъулини театри кишвар ва вазорати фарҳанги Русия сурат гирифтааст , ки тибқи он ҳар сол бояд як театри Русия ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ намоянд.

Нелли Уварова дар силсилафилми русӣ бо номи, «Зебо таввалуд нашаву, хушбахт таввалуд шав», «Не родись красивой, а родись счастливой» нақши асосиро иҷро кардааст, ки ин нақш боиси маъруфияти ӯ дар олами синамо ва театр гаштааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!