Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:50

Исфара бо ширкатҳои Русия ва Украина ҳамкорӣ мекунад

26 ноябр 2012, 05:20

Райиси вилоят ахиран аз  шаҳри саноатии Исфара боздид намуда,  зимнан  дар маросими ифтитоҳи  корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушк ва маркази  хизматрасонӣ  дар мавзеи Гулистони ҷамоати деҳоти Кӯлканд  иштирок намуд.

Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, корхонаи коркарди меваи хушки   «Ҳаракати Исфара» бо ибтикори соҳибкор Инъомҷон Азимҷонов  бунёд гашта, бо ба кор даромадани коргоҳи нав ин ҷо 20 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кор гаштанд.

«Коргоҳи дигари коркард ва бастубанди меваи хушк  аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Неъматҳои табиати Исфара» таъсис ёфт, ки он барои 15 нафар ҷои корӣ фароҳам овардааст. Ин корхонаи нав  бо  технологияи муосири истеҳсоли  Ҷумҳуриҳои Русия ва Украина таҷҳизонида шуда, асосан бо коркарди чормағзи заминӣ, тухми офтобпараст ва  бандубасти вакуумии он сару кор дорад».

-Маҷмааи хизматрасонии «Нури Исфара» бошад,  бо ташаббуси соҳибкор  Сулҳиддин Неъматов  дар ҷамоати деҳоти Кӯлканд  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки  дорои меҳмонхона барои  20 нафар,  ошхона ва дигар шароитҳои хуби замонавӣ  мебошад. Дар маҷмӯъ дар  ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара барои 60 нафар ҷои нави корӣ таъсис дода шуд,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!