Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:49

Дастрасӣ ба АМИТ «Ховар» низ маҳдуд шуд?

27 ноябр 2012, 10:37

Аз соати 10-и субҳи имрӯз воридшавӣ ба сомонаи ин агентии иттилоотии давлатӣ ғайриимкон аст.

Бо кӯшиши боз кардани www. khovar.tj ба рӯи муштариён саҳифаи интернет- провайдери «Тоҷнет» кушода мешавад. Садриддин Шамсиддинов, роҳбарии АМИТ «Ховар» ба Озодагон гуфт, ки сабаби боз нашудани саҳифаи онҳо танҳо мушкили техникӣ аст, ки баъд аз чанд лаҳза бартараф хоҳад шуд.

Дар ҳамин маврид, Рустам Маҷидов, коршинос ва як корбари фаъоли интернет мегӯяд,   азбаски сомонаи мазкур дар хостинги "ТоҷНет" (ширкати Тоҷиктелеком) ҷойгир аст, ҳангоми бо ягон сабаб катъ шудани хадамоти хостинг ё домен, саҳифаи ин ширкат кушода мешавад: «Сабабаш метавонад гуногун бошад, аммо аксаран чунин ҳолат дар сурати насупоридани маблағ барои иҷораи фазои сервер (хостинг) ё домен ба вуқуъ меояд».

Ин дар ҳолест, ки аз рӯзи 25-уми ноябр дастрасӣ дар саросари Тоҷикистон ба шабакаи иҷтимоии Facebook низ маҳдуд шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!