Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:55

СБМ: Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 214 миллион расид

28 ноябр 2012, 07:07

Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо фаъолону раисони ҷамоат ва директорони мактабҳо, раисони маҳаллаҳо ва шахсони масъули ноҳияи Ҳисор мулоқот намуд.

Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи хадамоти мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки  мақсад аз ташкил ва вохӯрии роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират бо бошандагони ин ноҳия, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ миёни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Сафиалло Девонаев зимни баромадаш  диққати ҳозиринро ба самти касбомӯзӣ, забономӯзии ҷавонон ва пешгирии ноболиғон ҳангоми сафар ба хориҷа ҷалб намуда, иброз доштааст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун падида, таърихи ҳазорсола дорад ва дар ҳамаи давру замон ин раванд буд, ҳаст ва боқӣ мемонад.

Номбурда таъкид намудааст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷаҳони муосир як раванди ногузир маҳсуб гардида, бархе аз мамолики пешрафта онро ҳамчун василаи табодули таҷриба, тарбияи мутахассисон ва ҷалби сармоя медонанд ва имрӯз дар ин раванд як қатор давлатҳои ҷаҳон мавқеи пешсаф доранд: «Аз ҷониби дигар рақобат дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ торафт пуршидат мегардад. Мутобиқи ҳисоботҳои Созмони байналмилалии муҳоҷират имрӯз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 214 миллион  расидааст ва тибқи пешбиниҳои ин созмон то соли 2050 ин шумора ду баробар зиёд гардида, ба 405 миллион мерасад. Аз ин хотир кишварҳои хориҷи дуру наздик ба равандҳои муҳоҷират диққати ҷиддӣ дода, кӯшиш менамоянд то ин равандро танзим ва ба шакли дуруст ба роҳ монанд».

Манбаъ мегӯяд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон, шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар, сатҳи забондони муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин соҳа матраҳ гардид.

Дар ин мулоқот Виктор Себелев,роҳбари намояндагии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия, Саидғуфрони Абдулло, муовини сардори хадамот, Солеҳов.Б, раиси ноҳияи Ҳисор, Асрор Одинаев, роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ширкат намуданд.

Виктор Себелев  дар бораи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, Хадамоти муҳоҷирати  Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия сухан карда, омӯзиши забон ва доштани касбу ҳунари ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати кишвари қабулкунандаро зарур шуморид.

Асрор Одинаев зимни баромадаш дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо пеш аз сафар ба Русия, дурӣ ҷӯстан аз миёнаравон дар бозори меҳнати Русия ва зери таъсири манфӣ қарор гирифтани ҷавонон ба ақидаҳои радикалӣ ва экстримистӣ ва набудани ваҳдат ва якпорчагӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ибрози ақида намуд.

Бояд зикр намуд, Хадамоти муҳоҷират қаблан низ бо фаъолони ноҳияҳои мухталиф, аз қабили ноҳияи Рӯдакӣ ва Варзоб ҷиҳати корҳои фаҳмонидадиҳӣ вохӯриҳо дошт.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!