Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 18:39

2011-05-05 16:51

5 май 2011, 11:51

10 килограмм маводи мухаддира дар бордони мошин ва сайругашти соҳиби он дар шаҳри Душанбе дер давом накард.

Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз Оҷонсии назорати маводи нашъаовар иттилоъ доданд, сарнишини 46-солаи нақлиёти тамғаи “Муссо” дар бордони мошинаш 7 бастаи ҳашишро нигоҳ медошт. Кормандони фаврии ниҳоди мазкур мухаддаротро мусодира карданд. Ташхиси озмоишгоҳ нишон дод, ки миқдори умумии нашъа баробар ба 10 килограмм аст. Манбаъи хабар афзуд, ҳар бастаи тахташакли мухаддарот бо хати хонои арабӣ оро ёфта буд. Аз рӯи ин ҳодиса Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ тибқи моддаи 200, қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ ба миқдори махсусан калон бо мақсади фурӯш) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз кард ва дар нахустин соати тафтиш муайян карда шуд, ки ин миқдор маводи мухаддир аз ВМКБ ба пойтахти кишвар ба қасди фурӯш ва ё интиқол ворид карда шудааст. Дар айни замон барои муайян кардан ва боздошт намудани шахсони дигари ба ин амал дахлдор чораҳо андешида мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!