Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:20

Мушкили чоп дар ягона нашрияи тоҷикӣ дар Қирғизистон

29 ноябр 2012, 09:59

Моҳи  июли соли равон кормандони ниҳоди зидди фасоди Ҷумҳурии Қирғизистон  ягона вазири тоҷиктабори ин кишвар Равшанбек Собировро, ки ӯ ҳамзамон раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт карданд.

Дар пайи боздошти вазири иҷтимоӣ ва раҳбари Созмони тоҷикони Қирғизистон, дар ҳамин моҳ нашри ягона нашрияи тоҷикӣ дар ин кишвар бо номии «Паёми Ала –Тоо» мутавафиқ гардид. Гуфта мешавад, Равшанбек Собиров сарпарастии чопи нашрияи «Паёми Ала –Тоо»-ро ба душ дошта барои нашри он маблағро дареғ намедошт. Ҳамакнун дар мурофиаи судии ноҳияи Первомайскийи шаҳри Бишкек ришвахории Равшанбек Собиров исбот нашуда ӯ бо ҳукми суд сафед карда шуд.Бисёриҳо баъди раҳо шудани Равшанбек Собиров аз боздоштгоҳ мутмаин буданд, ки нашри дубораи ягона нашрияи тоҷикӣ дар ин кишвар шурӯъ мегардад. Вале  то ҳол нашри дубораи моҳномаи «Паёми Ала –Тоо» бо сабаби мушкили молӣ роҳандозӣ нашудааст.

Қодиршоҳи Мурувват, сардабири нашрияи «Паёми Ала –Тоо» дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт,  Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ моҳи сентябри соли 2008 ба нашри моҳномаи  «Паёми Ала –Тоо» дар шаҳри Бишкек иқдом кард.

Номбурда мегӯяд, то ҳол 29 шумораи ин нашрияи ранга   ба ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишин  расонида шу два дар маркази Бишкек Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон қарор дорад ва зери пушиши он 34 марказҳои фарҳангии ақвоми сокини ин кишвар фаъолият мекунанд.

Гуфта мешавад, дар баробари тоҷикон,  созмонҳои фарҳангии кореягиҳо, дунганҳо ва уйғурҳо  рӯзномаҳои худро нашр мекунанд.

Қодиршоҳи Мурувват иброз дошт, ки борҳо дидааст, ки муйсафедони кореягӣ, дунганӣ ва уйғурӣ ба идораи Ассамблея омада ва бо як муҳаббат  рӯзномаҳои ба забони модари чопшударо харида мераванд: « Дар Бишкек ва атрофии он ҳудуди 100 хонаводаи тоҷикон зиндагӣ доранд ва  мутаасифона тайи панҷ сол ҳатто боре як ҳамзабонамон ин амали ҳамсоягонро анҷом надодааст. Ростӣ, намехостам ин матлабро бигӯям,  вале чун  дилсӯзӣ карда ва савол матраҳ кардед,  натавонистам худдорӣ намоям. Бовар дорам , ки мушкилоти феълиро пушти сар намуда ва ба нашри « Паёми Ала – Тоо» муваффақ хоҳем шуд. Охирин шумораи нашрияи тоҷикӣ дар моҳи июли
ҳамин сол ба дасти ҳамзабононамон расида буд».

Ин ҳамсӯҳбатамон илова намуд, ки  бо кӯмаки Худованд ва мушовараи чанде аз бародарони бонангу номус ба зуди чопи « Паёми Ала-Тоо» роҳандозӣ мешавад. Зеро ба қавли ӯ, дар ин муддат хонандагони мактабҳои тоҷикӣ ба мазмуну муҳтавои он одат кардаанд ва омӯзгорон  матолиби онро чун маводи дарсӣ истифода мебаранд .


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!