Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:37

«Равшан»-и Кӯлоб- ғолиби мусобиқаи қаҳрамони футболи Тоҷикистон

29 ноябр 2012, 12:18

Имрӯз, 29-уми ноябр тими «Равшан»-и Кӯлоб ғолиби мусобиқаи имсолаи қаҳрамони футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ гардид.

Ҳисобро дар дақиқаи 20-уми бозӣ Фарҳод Тоҳиров, бозингари дастаи «Истиқлол» кушод ва баъди 13 дақиқа ҳамлагари «Равшан» Наврӯз Рустамов ҳисобро баробар намуд.
Голи дувум ва ҳалкунандаи «Равшан»-ро Наврӯз Рустамов дар нимаи дувум, дар дақиқаи 60-ум ба ҳадаф расонд.

Гуфта мешавад,  дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа дастаи «Равшан» бо 62 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва барои аввалин бор соҳиби медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон шуд.

Бояд зикр намуд, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, ки бо 61 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, ки бо 53 имтиёз  севум шуд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!