Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:51

19127 сомонии хазинадори мактаби Ҳисорро ба яғмо бурданд

30 ноябр 2012, 10:00

Маҳмадулло Асадуллоев, масъули дафтари матбуотии ВКД ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар робита ба ин амал, маъмурияти мактаби таҳсилоти умумии №61-и ноҳияи Ҳисор муроҷиат намудааст.

Рӯзи 28-уми ноябри соли равон Бобоназар Тошпулотов, хазинадори мактаб аз «Амонатбонк»-и №10-и Ҳисор дар асоси чеки пулӣ барои пардохти маоши кормандони мактаби мазкур  19127 сомоноӣ гирифтааст, ки худи ҳамон рӯз дар бозори марказии шаҳри Ҳисор бо тариқи зӯроварӣ 2 зан пулҳои дар дохили селофан бударо гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Манбаъ мегӯяд, зимни амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ Шаҳноза Каримоваи 22 сола, сокини деҳаи Чинори Сӯхта ва Ситора Исмоиловаи 23 сола, сокини кӯчаи Какановичи ноҳияи Ҳисор ҳамчун гумонбар дар ғоратгарӣ боздошт гардиданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!