Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:43

Давлаталӣ Назриев райис интихоб шуд

3 декабр 2012, 04:20

Котибони матбуотӣ ва роҳбарони хадамотҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятии худ – Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистонро таъсис доданд.

Тавре ба Озодагон аз дастгоҳи иҷроияи ин созмон иттилоъ доданд, дар ҷаласаи муассисони ташкилоти ҷамъиятӣ Оинномаи он тасдиқ гардида, раис, ҳайати раёсат ва ҳайати комиссияи тафтишотии он интихоб гардиданд.

Ба гуфти манбаъ, райиси Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев – сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ба ҳайати раёсати Шӯро Муҳаммадато Султонов – котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фотима Ғоибова – сардори маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ, Саъдулло Раҳматуллоев – роҳбари хадамоти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Гавҳарой Ҳомидова – сардори шуъбаи робита бо ВАО Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Суҳроб Қоҳирӣ – сардори шуъбаи робита бо ҷомеа, ВАО ва муносибатҳои байналмилалӣ, муовини сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҶТ, Усмоналӣ Холиқов – прокурори калони Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва таблиғоти ҳуқуқии Прокуратураи генералӣ, Маҳмудхон Шоев – сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маорифи ҶТ, инчунин Намояндаи Кумитаи садо ва симо шомил гардиданд. Фаррух Малахов (Суди олии ҶТ), Момагул Шодиева (Вазорати молия) ва Каримхон Валиев (Хадамоти алоқа) аъзои комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд.

Ба доираи фаъолияти Шӯро мусоидат дар самаранок сохтани кори хадамоти матбуотии вазорату муассисаҳо, фаъолияти касбию эҷодии котибони матбуотӣ, беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, тавсеаи дастрасӣ ба иттилои расмӣ ва табодули таҷриба дохил мешавад. Интизор меравад, рӯзҳои наздик санадҳои зарурии ин ташкилот барои сабти ном ба Вазорати адлия пешниҳод гарданд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!