Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:22

Баррасии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ашт ва Спитамен

4 декабр 2012, 10:52

Имрӯз, 4-уми декабр мулоқоти кормандони раёсати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо раисони ҷамоат ва фаъолони ноҳияи Ашт ва Спитамени вилояти Суғд баргузор гардид.


Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи ин хадамот ба Озодагон иттилоъ дод, ки мақсад аз ин вохӯрӣ-бурдани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ бо раисони ҷамоат, директорони мактаб, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин бо фаъолонӣ ноҳия ва шахсони масъул дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Гуфта мешавад, дар мулоқот масъалаҳои шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва саҳми онҳо дар рушди ноҳияхо, депортатсия, масъалаи аз байн бурдани миёнаравону каллобон дар бозори мехнати Русия, муҳлати тамдиди бақайдгирӣ аз 7 рӯз ба 15 руз, иҷозати кор аз 1 сол то ба 3 сол, назорати фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии хориҷа дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Манбаъ мегӯяд, сатҳи забондонӣ муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда, ва дигар масъалаҳое, ки ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ марбут буданд, аз сӯи кормандони раёсати хадамот  дар вилояти Суғд мавриди муҳокима ва гуфтугӯ қарор гирифтанд: «Вобаста ба касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, иҷозати кор, тарзи гирифтани  патент, депортатсия, тамдиди  муҳлати бакайдгирӣ ва дигар масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ миёни бошандагони ин ду ноҳия ва масъулини хадамот суволу ҷваб сурат гирифт»



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!