Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:11

Афзоиши воридоти маблағҳои ғайриандозӣ ба буҷет

5 декабр 2012, 11:18

Давоми 9 моҳи соли равон ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 3 миллиарду  821,7 миллион сомониро ташкил додааст.

Аз Агентии омор ба Озодагон иттилоъ доданд, ки чунин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  20,7 фоиз зиёд мебошад.Дар ин давра воридоти маблағ аз ҳисоби андоз ба буҷет беш аз 2 милларду 892,8 миллион сомонӣ ё худ 75,7%-и нақшаро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ҳаҷми  умумии маблағҳои воридшудаи ғайриандозӣ дар ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ муодили зиёда аз 427 миллион сомонӣ ё худ 11, 2 фоизи даромади умумии буҷети ҷумҳуриявиро ташкил карда, нисбат ба моҳи январ ва сентябри соли 2011, 26,5% зиёд мебошанд.

Масъулини ин агентӣ илова намуданд, ки нишондиҳандаҳои хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-октябри соли равон  3452637,9 ё худ 86,2 фоизи нақшаро ташкил додааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!