Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:33

Дипломати сербӣ худкушӣ кард

7 декабр 2012, 05:04

Бранислав Милинкович аз болои таваққуфгоҳе дар Брюссел худро ба ҳалокат расонидааст.

Сабаби ба ин кор даст задани ин дипломоти 52-солаи серб то ҳанӯз маълум нест. Аммо мақомоти серб ва НАТО гуфтаанд, ки Милинкович дар кишвари худ дипломоти соҳибэҳтиром буд. Андерс Фон Расмуссен, дабири кулли НАТО, дар бораи ин ҳодиса ибрози таассуф кардааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷаи Сербия ба журналистон иброз доштааст, ки  Милинкович ва кормандони дигари ин вазорат дар фурудгоҳ мунтазири намояндагони кишварҳои дигар буданд, то бо НАТО музокира кунанд. Аммо бо омадани ҳайати намояндагон Милинкович ба таври ногаҳонӣ худро аз баландии 8 метр ба саҳни поркинги фурӯдгоҳ андохтааст.  

Маврид ба ёдоварист, Сербия ҳанӯз ба Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) напайвастааст. Бранислав Милинковичи марҳум бошад, собиқаи рӯзноманигорӣ дорад ва дар гузашта муддате ба унвони сафири Сербия дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Австрия кор кардааст.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!