Бархе аз нуқтаҳои сайёри фурӯши бензин (мошинҳои сӯзишворифурӯш) нархи як литри онро дар Душанбе 7 сомонӣ савдо мекунанд.
Санҷар Абдуллоев, як сокини ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, ду рӯз боз аз бархе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бензин пайдо карда натавонистам: «Ҳатто дар Газпром ҳам бензин наёфтам».
Дар ҳамин ҳол, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки нархи миёнаи як литр бензин дар пойтахти кишвар 6 сомонию 80 дирамро ташкил медиҳад ва ин нишондод дар қиёс ба 2 моҳи пеш 40 дирам қимматтар мебошад. Маврид ба таъкид аст, ки як литр бензини навъи АИ-95 дар Душанбе бо нархи 6 сомонию 90 дирам ва навъи АИ-92 ба ивази 6 сомонию 70 дирам фурӯхта мешавад. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон 80 дарсади маҳсулоти нафтиашро аз кишвари Русия ва боқимондашро аз Қазоқистону Туркманистон ва Ӯзбакистону Қирғизистон ворид мекунад.
Мӯҳр