Бахшҳо

Кашфу мусодираи 420 кило нашъа. Кушта шудани «Сафири Роғӣ»

Аснои як амалиёти муштараки мақомоти интизомии Тоҷикистон ва Афғонистон, ин миқдор маводи мухаддир мусодира гардидааст.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз Агентии назорат аз болои маводи нашъадори кишвар иттилоъ доданд, дар ин бора Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини вазири умури дохилаи Афғонистон дар як нишасти хабарии созмонёфта дар Кобул иброз доштааст.Ба гуфти ӯ, ин як амалиёти бузургмиқёс ва пурсамаре мебошад, тайи чанд соли охир дар минтақаи марзӣ анҷом шудааст: “Мо амалиётро ҳамзамон дар қаламрави ду кишвар бо ҳамоҳангӣ бо якдигар тибқи он созише оғоз кардем, ки бо хадамоти зиддимухаддиротии Тоҷикистон имзо карда будем”.

Бино ба гуфтаи ҷаноби Аҳмадӣ, Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ амалиёти мазкурро як ташаббуси муҳим ва комёбии бузург дар роҳи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ин ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ кардааст.  

Тибқи иттилоъ, дар ҷараёни амалиёт 13 қочоқчии нашъа боздошт шуданд. Ҳатто иддае аз афроди дастгиршуда ба содир намудани ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла одамрабоӣ ва тиҷорати инсон низ муттаҳам дониста мешаванд. Аз ҷумла, ҳангоми кофтукови манзили зисти боздоштшудагон ду зан аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки яке 25 ва дуюмӣ 22-сола буданд, ошкор гардиданд, ки бо худ ҳеч асноди мушаххаскунандаи шахсият надоштанд ва дида мешуд, ки эҳтимолан рабуда шуда буданд. Ин ду тан баъди мушаххас кардани ҳуввият ва ҳолатҳои убурашон аз марзи давлатии ду кишвар ба консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод супурда шуданд, ки дар наздиктарин фурсат қарор аст истирдод шаванд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни баргузории амалиёт шаш тан аз кормандони пулиси Афғонистон захмӣ шуданд, ки яке аз онҳо аз ҷароҳати сангин дар ҷои ҳодиса ҷон дод. Зимни амалиёт аз кушта шудани бародари Сафиулло – Файзулло, писари Ҳоҷӣ Идрис, ки дар Афғонистгон бо тахаллуси “Сафири Роғӣ” машҳур аст, низ хабар дода мешавад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)