Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:03

Дастрасӣ ба шабакаи «Facebook» таъмин шуд

7 декабр 2012, 10:15

Шабакаи иҷтимоии Фейсбук, ки чанд рӯз қабл дастрасӣ ба он дар Тоҷикистон маҳдуд шуда буд, дигарбора ба фаъолият шурӯъ кард

Маврид ба ёдоварист, раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров тай як нома дар таърихи 26-уми ноябр аз 11 ширкати фароҳамкунандаи интернет тақозо карда буд, ки "бинобар сабабҳои корҳои техникӣ- профилактикӣ, дастрасиро ба сомонаи www.facebook.com маҳдуд намоед.

Ҳамзамон, Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон эълом дошт, ки Хадамоти алоқа тавассути "смс" ё паёмак талаб кард, ки Facebook баста шавад.

Ҳамин тавр, аз рӯзи 26-уми ноябр ба ин сӯ, корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ, ки дар Тоҷикистон 50 ҳазор тахмин зада мешаванд, аз имконияти истифодаи он маҳрум шудаанд.

Як рӯз пас аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабака, Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, сабаби қатъи дастрасиро “корҳои профилактикӣ” хонда буд.    


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!