Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:32

Дар Исфара анор арзон шуд

10 декабр 2012, 04:08

Арзиши хӯрокворӣ, аз ҷумла анор тайи ҳафтаи равон  дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт дар қиёс ба бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа қариб як баробар зиёд ба фурӯш гузошта шудааст.

Аз ширкати «АгроИнформ» ба Озодагон иттилоъ  доданд, ки ба ҳисоби миёна нархи як кило анор дар бозори «Шоҳмансур»- 16 сомонӣ аст, ки ин нишондод дар бозори марказии  Қӯрғонтеппа ба 7 сомонӣ баробар мебошад.

Тибқи таҳлилҳои ин ширкат, аз ҳама нархи гарони анор пас аз бозори «Шоҳмансур» дар бозори марказии ноҳияи Рашт мушоҳида карда шуд, ки он ҷо як кило анор бо нархи 13 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст: «Дар бозори марказии шаҳри Хоруғ 10 сомонӣ, бозори марказии шаҳри Кӯлоб 12 сомонӣ ва бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд як кило анор 12 сомонӣ арзиш дорад».

Манбаъ мегӯяд, анори аз ҳама арзон дар бозори марказии шаҳри Исфара ба фурӯш гузошта шудааст, ки арзиши он ба 6 сомонӣ баробар мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!