Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:02

90% корҳои сохтмони дар НБО «Сантӯда-2» ба анҷом расидаанд

18 июн 2011, 04:53

Тайёраи боркаши тамғаи Ан-124-100 ба Душанбе трансформатори «НБО-и Сангтӯда-2»-ро овард.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон»  масъули ширкати эронии «Сангоб» Сайид Аскарӣ иттилоъ дод, ин таҷҳизот, ки шаби гузашта ба Тоҷикистон расид, тариқи ҳавопаймои «Руслан» нақли макон кард. Бояд гуфт, вазни умумии ин трансформатор 120 тоннаро ташкил медиҳад. Мавсуф афзуд,     тамоми таҷҳизоти марбут ба эҳдоси «Сангӯда-2»  тавассути ҳавопаймоҳои бузурги боркаши низомӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, албатта бо тайёра    овардани таҷҳизот ба Душанбе гарону пурарзиш аст, вале ин тасмим барои тезонидани корҳо мусоидат хоҳад кард. Гуфтанист, трансформатори дуюми нерӯгоҳ низ аввали  ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон оварда мешавад. Бино ба қавли ҷаноби Аскарӣ феълан 90 дарсади корҳо дар ин иншоот ба анҷом расида, то моҳи сентябр боқимондаи корҳо ба поён мерасанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!