Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:59

Сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар садама захм бардошт

10 декабр 2012, 06:40

Абдуллоҳ Қодирӣ, сӯхангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон шаби гузашта, тақрибан соати 7 :30 дар натиҷаи рух додани садамаи нақлиётӣ аз сар ва ҷашмаш ҷароҳат бардоштааст.

Номбурда дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, ронандае, ки бо мошини ӯ бархӯрдааст, дар ҳолати мастӣ қарор дошт ва ҳаракати роҳро риоя накардааст.  Қодирӣ мегӯяд, зимни ба амал омадани ин ҳодиса сараш ба шишаи пеши мошин зада, сар ва ҷашми росташ осеб дидааст ва бо ин ҳол ӯро ба беморхона интиқол медиҳанд: «Худи ҳамон шаб соати 10 маро аз беморхона ҷавоб доданд». Айни ҳол вазъи саломатии Абдулло Қодирӣ хуб нест ва ӯ дар манзили зисташ бистарист.

Маврид ба ёдоварист, вақтҳои ахир садамаҳои нақлиётӣ дар Душанбе зиёд шуда, барои ронандагону мусофирон хатари зиёд таҳдид мекунад. Чанде қабл, Барзу Абдуразоқов, коргардони маъруфти тоҷик ва Искандари Фирӯз, хабарнигори шабакаи ВВС низ дар пайи садамаи нақлиётӣ осеб дида буданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!