Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:09

БОР ба Тоҷикистон 137 миллион $ медиҳад

11 декабр 2012, 07:00

Ин ниҳоди молии байнулмилалӣ тасмим дорад, дар ду соли оянда барои рушди Тоҷикистон чунин маблағро пешниҳод намояд.

Тибқи иттилое, ки ахиран дар сомонаи интернетии Бонки Осиёии Рушд (ADB) ба нашр расидааст, ҳадаф аз ин кӯмаки бебозгашт «фароҳамоварии имкониятҳои иқтисодӣ ва кафолати рушд дар Тоҷикистон» унвон мешавад. Дар ин гузориш, ки аз нақшаҳои соли 2013-2014-и ин бонк дарак медиҳад, идома медиҳад, ки он ба ваҷҳи умум бо стратегияи коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006 - 2015, мутобиқ аст.

Ҳамзамон, сарвари барномаҳои ОР дар Тоҷикистон ҷаноби С.С.Ю, ки ду ҳафта пеш ба ин вазифа пешбарӣ шудааст, мегӯяд, захираҳои бонк маҳдуд ҳаст ва мо воқеан бояд бахшҳои асосӣ, ба монанди энергетика, нақлиёт ва таъмини шароити сармоягузории хусусиро дастгирӣ кунем.

Ҳамин тавр, Бонки Осиёии Рушд дар тармиму беҳбуди кори нерӯгоҳи барқу оби "Головная", воқеъ дар рӯди Вахш, тармиму таъмири долонҳои нақлиётӣ, бунёди фазои рушд дар ҳавзаи рӯди Панҷ, ислоҳоти низоми ҷамъоварии андоз, афзоиши ширкати бахши хусусӣ дар бахши маорифи олӣ, техникӣ ва таълими шуғл сармоягузорӣ хоҳад кард.

Маврид ба ёдоварист, Тоҷикистон дар соли 1998 ба узвияти Бонки Осиёии Рушд қабул шуда, то кунун дар чаҳорчӯби барномаҳои мухталиф аз ин бонк 966 миллион доллар қарз дастрас намудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!