Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

Парлумон қонун дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО-ро қабул кард

12 декабр 2012, 08:06

Парлумони Тоҷикистон тарҳи қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма»-ро имрӯз, 12- уми декабр қабул кард.

Хабарнигори Озодагон, ки зимни қабули ин тарҳ ширкат дошт, иттилоъ дод, ки Олимҷон Салимзода, раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи мазкур иброз доштааст, ки тарҳи қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма» имрӯз дар он шакле омода шудааст, ки ҳам аз нигоҳи услуб, аз нигоҳи дарбаргирии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳамчунин аз нигоҳи забон ва тарзи баён такмил ёфтааст.

Номбурда гуфтааст, бо қабул гардидани ин қонун ҳамакнун ба саволу номаҳои намояндагони ВАО мақомоту идораҳои давлатӣ дар давоми се рӯз бояд ҷаввоб гардонанд.

Гуфта мешавад, қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма» аз 6 бобу 36 модда иборат буда, дар он як боби махсус роҷеъ ба дастгирии намояндагони ВАО барои дарёфт кардани иттилоот ворид карда шудааст.

Бояд зикр намуд, ин лоиҳаи қонун беш аз 18 маротиба аз ҷониби гурӯҳи кории парлумон бо иштироки намояндагони ВАО баррасӣ гардида буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!