Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:45

ИМА абарқудратиро аз даст медиҳад. То соли 2030

12 декабр 2012, 08:55

Гузориши ироашуда тавассути шӯрои иттилооти миллии Амрико нишон медиҳад, ки ИМА то соли 2030 ҷойгоҳи худро аз даст хоҳад дод ва аҳамияти Осиё дар иқтисоди ҷаҳонӣ дубора эҳё хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс ба нақл аз рӯзномаи US TODАY, гузориши ҷадиди ироашуда тавассути шӯрои иттилооти миллии Амрико пешбинӣ кардааст, ки ин кишвар то соли 2030 вазъияти абарқудратии худро аз даст хоҳад дод, аммо ҳеч кишваре, аз ҷумла Чин ба як қудрати ҳижмуник табдил нахоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, қудрат ба самти шабакаҳо ва эътилофҳои ҷаҳони чандқутбӣ тағйири ҷиҳат хоҳад дод. Дар ин гузориш ин тавр омадааст, ки: ҷаҳон соли 2030 асосан аз ҷаҳони имрузи мо тағйири шакл пайдо хоҳад кард ва то 2030, ҳеч кишваре, аз ҷумла Амрико, Чин ва ё ҳеч кишвари бузурги дигаре як қудрати ҳижмуник нахоҳад буд.

Ёфтаҳои тарҳшуда дар ин гузориш нишон медиҳад, ки дар соли 2030 ончи дорои таъсири чашмгир хоҳад буд, тавонмандсозии афрод ва интишори қудрат миёни кишварҳо ба шабакаҳои ғайрирасмӣ хоҳад буд.

Чунин таҳаввулоте то ҳадди зиёде зуҳури таърихии Ғарб аз 1750 то то кунун маъкус хоҳад кард ва мунҷар ба эҳёи аҳамияти Осиё дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва тулуъи асри ҷадиде аз "демукротиза" ( ба сурати демукросӣ даромадан) дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ хоҳад шуд. Бар асоси ин гузориш , интизор меравад, ки афзоиши сареъи синни ҷамъияти ҷаҳон ҳамзамон бо рушди тақозои манобеъ идома дошта бошад, ки чунин амре эҳтимолан ба камбуди маводи ғизоӣ ва об хатм мешавад.

Шурои мутолиоти миллии Амрико дар баровардҳои худ ба баррасии бадтарин ва беҳтарин шакли сенорияҳои эҳтимолӣ дар тули ду даҳаи оянда пардохтааст.

Пешбинии ин шуро дар бадтарин шакл, мумкин марбут ба ҳамкории Амрико ва Чин дар тайфи густардае аз масоил дар ниҳоят як ҳамкории густардатари ҷаҳонӣ аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!