Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:43

Дар Данғара аз тарки мактаб кардани хонандагон ҷилавгирӣ мешавад

12 декабр 2012, 11:23

Имрӯз дар мактаби №2-и ноҳияи мазкур ифтитоҳи «Барномаи омӯзишии пешгирии тарки мактаб намудани хонандагон» баргузор шуд.

Барномаи мазкур аз ҷониби оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) рооҳандозӣ шуда, мақсади ба роҳ мондани лоиҳа, ин ҷалби хонандагони синфи 9 ба мактаб ва барои идома додани таҳсили онҳо мебошад. Ниёзмуҳаммад Шоев, директори мактаби таҳсилоти умумии №2-и ноҳияи Данғара ба Озодагон гуфт, барномаи мазкур аввалин бор аст, ки дар ноҳияи онҳо амалӣ мегардад ва натиҷаи хуб низ додааст: «Дар умум мактаб 1 ҳазору 250 нафар хонанда дорад, ки аз онҳо 124 нафар дар синфи 9 таҳсил мекунанд. Чун барнома танҳо барои толибилмони синфи 9 аст 40 нафари онҳо ҷалб шудаанд».

-Дар мактаби мо буданд хонандагоне, ки дар онҳо нияти тарк кардани мактабро доштанд.Мо бештар ҳамин ашхосро ба мактаб ҷалк кардем. Мо усулҳои фаъоли таълимро истифода бурда, ҳар рӯз муаллими синф бо робита ба волидайн аст,-афзуд сарвари мактаб.

Дар ҳамин ҳол, Карен Тиенҷен, директори барнома аз дафтари марказӣ изҳор дошт, ки «Хонандае, ки таҳсилашро ба охир мерасонад барои пайдо кардани кор имкониятҳои бештар ва хубтаре дорад. Махусусан духтароне, ки таҳсилашонро хатм мекунанд ба воя расида, оилаи солим ва судмандро ташкил намуда дар навбати худ ба ҷомеа фоида мерасонанд». Дар маросими мазкур Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон, намояндагони маъорифи кишвар, Раиси ноҳияи Данғара ва омӯзгорону хонандагони мактаби №2 иштирок доштанд.

Бояд зикр намуд, ки Барномаи омӯзишии пешгирии тарки мактаб намудани хонандагон аз соли 2010 дар Тоҷикистон шурӯъ шуда, то соли 2013 идома меёбад ва 165 мактаби ҷумҳурӣ ба лоиҳаи мазкур ҷалб шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шохрух

  • 6 сентябр 2014 15:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба нарафтани толибилмон ба мактаб бемасъулиятии волидон ва мактаб сабаб аст. Як кисм волидон бо вучуди он ки сатхи зиндагиашон паст аст ба тавлиди фарзанд беандешаанд. Баъд наметавонанд онхоро бо таълиму тарбияи дуруст фаро бигиранд ва ё худ холо мохияти донишомузии фарзандро сарфахм намераванд ва хукукхои кудаконро поймол мекунанд. Дар мактабхо бошад кисми зиёди омузгорон холо психологияи кудакро намефахманд, як кисм холо худ ба тарбия ниёз дорад ва дониши кофи надорад. Аз чониби дигар ин худконунбарори, ки танхо пулчамъкуни аст. Ба ин масъалахои доги руз бояд таваччух кард ва хуб мешуд хамин гуна барномахоро Вазорати маориф бо макомоти дахлдор чидди бигирад ва Амрикову дигар давлатхо, ки сокинонаш мисли мо одаманд ниёзманд набошем.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!