Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:56

Қабули кодекси шаҳрсозӣ аз ҷониби палатаи болоии парлумон

13 декабр 2012, 09:59

Имрӯз, 13-уми декабр ҷаласаи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии маҷлиси олии Тоҷикистон баргузор гадид. Аз 36 қонун ва лоиҳаҳои қонун, ки бо иштироки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии маҷлиси олӣ чиҳати қабул шудан аз ҷониби аъзоёни маҷлис баррасӣ гардиданд, ҳамагӣ як қонун қабул нагардид ва боқимонда қабул шуданд. Дар ин нишаст танҳо қонуни Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи

ширкаткунандагон бо сабаби ҷой доштани баъзе нуқсонҳо қабул нагардид.

 

Санадҳои дигар аз қабили қонун «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атморсфера», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба қонун «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи Кодекси шаҳрсозӣ», «Дар бораи шарикии давлат ба бахши хусусӣ» зимни ин ҷаласа қабул гардиданд.

Ҳамчунин қабули қарорҳои Маҷлсиси миллии маҷлси олӣ роҷеъ ба ба тағйир додани номи як қатор деҳаҳои навоҳии Нуробод, Турсунзода, Ашт, Спитамен низ дар ҷараёни ин ҷаласа сурат гирифт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!