Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:22

Дастгир шудани ноболиғон бо ҷурми фурӯши «хлопушка»

13 декабр 2012, 10:33

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни амалиёти махсус 121 ҳазору 780 дона маводи тарфгариро дарёфт ва мусодира намуданд.

Аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки зимни ин амалиёт кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шоҳмансури Пойтахт ноболиғон-Хуршеди Қирғиззодаи 17 сола ва Ромизи Қиёмиддини 16 сола, хонандагони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №79-ро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карданд.

Гуфта мешавад, ҳангоми кофтуков аз онҳо 90480 дона «хлопушка» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ноболиғ Бобоҷон Ҳоҷибоеви 16 сола, хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №34 автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107»-ро идора менамуд, ки боздошт карда шуд. Зимни азназаргузаронии автомашинаи мазкур ба миқдори 28800 дона маводи тарфгарӣ д мусоидира карда шуд, ки маводи мазкур ба ноболиғ Хуршед Саломови 16 сола, тааллуқ доштааст.

Манбаъ мегӯяд, дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт аз маркази тиҷоратии «Мармариён» Завқибек Сафарови 27 сола дастгир карда шуд, ки ҳангоми кофтуков аз ӯ 2500дона маводи «хлопушка» дарёфт ва мусодира карда шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!