Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:53

Ш. Салимзода ба модари маҳбус: Дар газета гап задед шарм надоштед…

15 декабр 2012, 08:25

Сӯбҳи имрӯз,15-уми декабр Шерхон Салимзодаи Одина, прокурори генералии Тоҷикистон гурӯҳе аз падару модарони зиндониёни маҳбасахонаи № 23-и шаҳри Хуҷанд, ки чанде қабл фарзандони онҳоро аз маҳбасахонаҳои шаҳри Душанбе ба он ҷо интиқол дода буданд, ба ҳузур пазируфта, арзу шикояти онҳоро шунид.

МомагулХолмуродова, модари маҳбус Умед Холмуродов дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, прокурори генералӣ ба онҳо иброз намудааст, ки Шумо шуру шанг бардоштед, фикр кардед, ки СММ (ООН) ёрдаматон мекунад, хабарнигорони газетаҳо Шуморо ёрдам мекунад: «Дар газета гап задед шарм надоштед. Мо одам мондем рафта тафтиш карданд ҳамаи гуфтаҳои Шумо дуруғ аст».

Ба қавли ин модари маҳбус Шерхон Салимзода ба онҳо гуфтааст, ки кормандони прокуратура рафта бачаҳоро тафтиш кардаанд ҳамааш 100 фоиз аст.

Аммо МомагулХолмуродова қайд кард, аз сӯҳбат бо писараш маълум шуд, ки ҳар рӯз омада онҳоро (маҳбусонро) лату куб мекунанд.

МомагулХолмуродова, инчунин изҳор дошт, ки Шерхон Салимов илова намудааст, ки қонуну давлат аст ва он ҷо осоишгоҳ нест, ки кормандони маҳбасхонаро куҷое, ки форад маҳбусонро ҳамонҷо мефиристонанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!