Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:53

Хуҷанд: Хона ба Ҷӯрабек Муродов дар зодрӯзаш тақдим гардид

18 декабр 2012, 05:57

Дар шаҳри Хуҷанд маҳфили бошукӯҳ ба муносибати 70- солагии Ҳунарманди мардумии СССР баргузор шуд.

Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ Қоҳир Расулзода, раиси вилоят соҳибҷашн- Ҷӯрабек Муродовро бо ҷашни милод ва панҷоҳсолагии фаъолияти эҷодиаш аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрику таҳният гуфта, саҳми ӯро дар тарғиби санъати тоҷик назаррас арзёбӣ намуд.

Мавсуф гуфт, Ҷӯрабек Муродов воқеъан ҳам ҳофизи миллии халқи тоҷик буда, дар қатори нобиғаҳои санъат - Ҳоҷиабдулазиз, Акашариф Ҷӯраев, Зафар Нозимов, Боймуҳаммад Ниёзов ва дигарон ифтихори миллати тоҷик мебошад. Дар хотимаи маҳфил, барои хизматҳои шоёнаш дар рушду нумӯи санъату фарҳанги тоҷик раиси вилоят ба Ҷӯрабек Муродов ҳуҷҷатҳои ҳуҷраи истиқоматиро аз маркази вилоят инъом кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!