Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:59

Ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СААД шурӯъ шуд

19 декабр 2012, 10:24

Ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскави Русия ба кори худ шурӯъ намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуотии президент, барои иштирок дар ин ҷаласа сарони давлатҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон ба ҳам омадаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва роҳбарони дигар давлатҳоро дар қасри Кремл Владимир Путин, президенти Русия истиқбол намуд.

Масоили ҳамкории бисёрҷониба миёни ин кишварҳо дар доираи ин созмон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо баррасӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, баррасии масоили таҳкиму тақвияти ҳамгироии муштарак дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла дар робита бо авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва роҳҳои пурзӯр намудани амнияти иттилоотӣ аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиш аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!