Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:27

Девонаев нигарон аст

19 декабр 2012, 12:10

Кормандони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ бо сокинони шаҳри Турсунзода мулоқот намуданд.

Бино ба иттилои ин хадамот Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират зимни ин мулоқот диққати ҳозиринро ба самти касбомӯзӣ, забономӯзии ҷавонон ва пешгирии ноболиғон ҳангоми сафар ба хориҷа ҷалб намудааст. Сардори Хадамоти муҳоҷират иброз доштааст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун падида таърихи ҳазорсола дорад ва дар ҳамаи давру замон ин раванд буд, ҳаст ва боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷаҳони муосир як раванди ногузир маҳсуб гардида, бархе аз мамолики пешрафта онро ҳамчун василаи табодули таҷриба, тарбияи мутахассисон ва ҷалби сармоя медонанд Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масоили пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон, шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар, сатҳи забондони муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин соҳа матраҳ гардид.

Манбаъ мегӯяд, Сафиаллоҳ Девонаев зимни баромадаш дар ин ҷамъомад оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, дурӣ ҷӯстан аз миёнаравон дар бозори меҳнати Русия ва мутаассифона зери таъсири манфӣ ва гароиш пайдо намудани ҷавонон ба ақидаҳои радикалӣ ибрози нигаронӣ намудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!