Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:44

Беш аз 58%-и нафти воридшуда ба Тоҷикистон ба Русия рост меояд

20 декабр 2012, 05:01

Дар 11 моҳи соли равон аз ҷониби корхона, ҷамъият ва соҳибкорони ватанӣ ба Тоҷикистон 329 ҳазору 208 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.

Аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин давра бензин 141 ҳазору 455 тонна, сӯзишвории дизелӣ 112 ҳазору 973 тонна, сӯзишвории реактивӣ 49 ҳазору 419 тонна, мазут 5 ҳазору 313 тонна, битум 9 ҳазору 816 тонна, равғанҳои молиданӣ 10 ҳазору 199 тонна ва дигар намудҳои маҳсулоти нафтӣ 33 тонна ворид гардидааст.

Гуфта мешавад, чунин ҳаҷми маҳсулоти нафтие, ки ба Тоҷикистон ворид карда шудааст 192 ҳазору 470 тоннааш (58,5%) ба Русия рост меояд.

Аз Туркманистон бошад 59 ҳазору 394 тонна (18,0%), Қирғизистон 41 ҳазору 233 тонна (12,5%), Қазоқистон 12 ҳазору 305 тонна (3,74%), Ӯзбакистон 7 ҳазору 141 тонна (2,17%) нафт ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Манбаъ мегӯяд, воридоти нафт аз дигар давлатҳои воридкунандаи ин навъи маҳсулот 16 ҳазору 665 тонна (5,09%)-ро ташкил додааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!