Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:15

Мухлисони «Равшан» муҷозот мешаванд, тафтишоти дигарон ҳам шурӯъ мегардад

20 июн 2011, 03:43

Додситонии шаҳри Кӯлоб нисбат ба 8- тан аз мухлисони  дастаи «Равшан» парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ашхос дар  бетартибиҳои шаби 14-уми июн,  пас аз бозии «Равшан»-у «Истиқлол»  рухдода гӯё даст доштанд. Дар ин бора ба  хабарнигори минтақавии «Озодагон» аз   прокатураи вилоятӣ дар гурӯҳу шаҳри навоҳии Кӯлоб иттилоъ  доданд. Ба иттилои ғайрирасмӣ, аз ҳамон шаб сар карда то  як чанд рӯзи дигар  кормандони мақомоти интизомӣ  бо истифода аз наворҳои сабт гардида,  беш аз 60 нафар  сокинони шаҳрро, ки  ба мухлисӣ рафта буданду  дар  бетартибӣ  бевосита иштирок карданд,  боздошт намуда  ба шӯъбаи корҳои дохила оварданд. Баъди тафтишот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ  аксари  боздоштшудагон озод карда шуданд.     Тибқи итилои прократура 5 нафар  аз боздоштшудагон бо моддаи 237 кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ)  ва 3 тани дигар бо модаи 255, яъне барқасдона расонидани зарар  муттаҳам дониста мешаванд. Дар ин маврид тафтишоти пешакӣ ҳанӯз идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, корманди масъули додситонии шаҳри Кӯлоб, ки номаш махфӣ монд гуфт, қазияи бетартибиҳои пас аз футболи рӯзи 14-уми июн зери назорати бевоситаи прократураи генералӣ қарор дошта, нисбати кормандони низомӣ, ки болои  мухлисон пакетҳои газӣ партофтаанд низ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст. {jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!