Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:29

Баррасии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ваҳдат

20 декабр 2012, 12:02

Гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Душанбе бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ оид ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ, сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа бо бошандагони ноҳияи Ваҳдат мулоқот намуданд.

Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ дод, ки вохӯрии мазкур аз 18-уми декабр оғоз ёфта, дар он раисони ҷамоат, директорони макотиб, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ, кормандони соҳаи тиб, имомхатибон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ,  фаъолон ва шахсони масъули ноҳияи Ваҳдат ширкат доранд.

Дар  вохӯрӣ масоили касбомӯзӣ, сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, депортатсия(ихроҷкунӣ) одобу русум, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, сафари ноболиғон ба Русия,  баҳисобгирии муҳоҷирон, шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷи кишвар, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин соҳа матраҳ гардиданд.

Гуфта мешавад, ин мулоқот фардо, 21-уми декабр ба анҷом расида, дар назар аст бархе аз масъалаҳои дигар роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шаванд.

Манбаъ мегӯяд, атрофи масъалаи бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо пеш аз сафар, дурӣ ҷӯстан аз миёнаравон дар бозори меҳнат, аз ташхиси тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ва баъд аз он, ҳидоят ва роҳнамоии дурусти ҷавонони муҳоҷир дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хизмати софдилона, ба муҳокимаи умумӣ гузоштани қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» , зери таъсири манфӣ қарор нагирифтани ҷавонон ба ақидаҳои радикалӣ ва пурзур намудани самтҳои ҳамкориҳо аз мавзӯҳое мебошанд, ки пагоҳ дар идомаи ин мулоқот баррасӣ хоҳанд шуд: «Ташкил ва дидору мулоқотҳои гурӯҳи кории кормандони хадамот дар якҷоягӣ бо СБМ бо бошандагони ин ноҳия ҷиҳати танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ва забономӯзии муҳоҷирон, назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ миёни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад».




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!