Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:51

Ӯзбакистон интиқоли газашро ба Тоҷикистон қатъ мекунад

25 декабр 2012, 10:22

Шурӯъ аз 26-уми декабри соли равон интиқоли гази Ӯзбакистон барои Тоҷикистон пурра қатъ хоҳад шуд.

Ин нуктаро Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон имрӯз, 25-уми декабр зимни як муҳокимаи  парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон иброз доштааст.

Номбурда ба кор андохтани системаи гармидиҳии шаҳри Душанбе ва фаъол шудани онро, ки бояд бо омадани фасли сармо ба кор надохта мешуданд, ба камбуди гази Ӯзбакистон рабт дод.
Гуфта мешавад, Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев, сарвазири Ӯзбакистон ҷиҳати ҳалли ин масъала номае фиристодааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба  ин, масъулини «Тоҷиктрансгаз» мегӯянд, ҷониби Тошканд мехоҳанд, тибқи созишномаи нав дар соли 2013 интиқоли газ аз сар гирифта шавад, зеро миқдори газе, ки дар соли 2012  ба Тоҷикистон интиқол дода мешуд, ба охир расидааст.  





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!