Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

Афзоиши нархи себ дар Қумсангир

26 декабр 2012, 11:21

Тоҷирони  бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт дар қиёс ба бозори «Сух» ҳамсарҳад бо Исфара (Қирғизистон) як кило себро  беш аз 2 маротиба  гарон мефурӯшанд.

«АгроИнформ» як ташкилоти вижа, ки вазъи бозорҳои Тоҷикистонро меомӯзад ба Озодагон иттилоъ дод, ки ба ҳисоби миёна нархи як кило себ дар бозори «Сух» 2 сомонӣ аст ва ин нишондод дар бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе баробар ба 5 сомонӣ мебошад.   

Ба қавли манбаъ, аз ҳама нархи гарони себ дар  бозори «Дӯстӣ»-и Қумсангир, ҳамсарҳад бо Афғонистон мушоҳида карда шуд, ки бо нархи 10 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудааст.

Нархи аз ҳама арзони себ пас аз бозори  «Сух» дар  бозори марказии ноҳияи Рашт ва бозори марказии шаҳри Исфара  мушоҳида карда шуд, ки як кило себ  3 сомонӣ арзиш дорад. Ин нишондод дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб ва бозори марказии шаҳри Хоруғ ба 6 сомонӣ  баробар мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!