Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:34

Садамаи нақлиётӣ мунҷар ба марги як нафар гардид

26 декабр 2012, 12:02

Садамаи нақлиётие, ки бо айби сарнишини «Тайота-Карола» сар задааст, як кушта ба ҷой гузошта, чор тани дигарро захмдор кард.

Аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Карола» рақами қайди давлатиаш 13-60 АР 0, Давлат  Қурбонназарови 18 сола, сокини ноҳияи Вахш ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Қурғонтеппа ба ҷониби Душанбе дар ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъа бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба «Камаз-5511» рақами қайди давлатияш Е 31-03 РТ 03, ки таҳти идораи ронанда Ҷумахон Каримови 27 сола, сокини ноҳияи Бохтар қарор дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи «Тайота-Карола» Аҳмад Хоҷаеви 76 сола, сокини ноҳияи Хуросон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар макони ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ мегӯяд, мусофирони дигари автомашинаи мазкур-Зуҳурбек Табарови 21 сола, Давлатбӣ Латиповаи 56 сола, сокинони ноҳияи Хуросон, Шаҳноза Латиповаи 22 сола, сокини ноҳияи Ванҷ ва худи ронанда Давлат Қурбонназаров ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!