Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба даҳ ҷавон, ки дар бахш адабиёт, рӯзноманигорӣ, ҳунар ва меъморӣ фаъолияти муассир доштанд, мукофот дод.
Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии ин кумита иттилоъ доданд, аксари барандагони ҷоизаи имсола кормандони ВАО-и давлатӣ мебошанд. Аз ҷумла, Аҳлинисо Маҳмадносирова ва Мадина Холиқова дар радио, Каримхон Бекматов, Барно Соҳибова ва Заррина Нидохонова дар телевизиюнҳои давлатӣ фаъолият мекунанд.
Ҳамзамон, гурӯҳи рақсии "Гулрез"-и назди Кумитаи радио ва телевизиюн, Бахтиёри Раҳим аз Донишгоҳи омӯзгорӣ, Отахон Саидов аз театри шаҳри Қӯрғонтеппа, Субҳиддин Муҳиддинов, аз дастгоҳи иҷроияи президент, Беҳрӯз Забиров, унвонҷӯ аз Донишкадаи санъат аз барандагони дигари ин озмун эълом шуданд.
Барандагони ин озмун ҳар кадоме илова ба ифтихорнома се ҳазор сомонӣ пул низ дарёфт карданд.
Маврид ба ёдоварист, ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ соли 1998 таъсис ёфта, ҳамасола ба бархе аз ҷавонони лаёқатманд дода мешавад.
Мӯҳр