Бахшҳо

Тоҷикистониён дар Чин

Як гурӯҳи 26 нафараи ҷавонони тоҷик, хатмкунандагони Донишгоҳи технологӣ ва политехникии Тоҷикистон ба давлати Чин сафар намуданд.

Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки мақсад аз сафари ин гурӯҳ ҷавонон, гузаронидани давраи таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва аз худ намудани тахассус ва малакаю маҳорати кордонӣ дар соҳаи коркард ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ мебошад.

Гуфта мешавад, сафари ҷавонон бо кӯмак ва дастгирии бевоситаи ширкати «Хуа-Син Ғайюр»-и чинӣ, ки 17 сентябри соли 2011 ба қайд гирифта шудааст ва дар моҳи октябри соли гузашта ба кори сохтмонии худ оғоз намудааст, сурат гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, дар маҷмуъ теъдоди чунин ҷавононе, ки ба Чин фиристода шудаанд, ҳудуди 100 нафарро ташкил дода, ду гурӯҳ зина ба зина сафар намуданд.

Ба қавли Абдуллоҳи Қодирӣ, 25-уми сентябри соли ҷорӣ гурӯҳи якум иборат аз 70 нафар ҷавонон  ҷиҳати таҷриба ва омӯзиши малакаю маҳорат ва такмили ихтисос ба Чин сафарбар гардиданд ва гурӯҳи дуввум шаби 26-уми декабри соли равон, ки 26 нафарро ташкил медиҳанд, сафар намуданд: « Дар ҷараёни озими сафари эшон ба ҶМ Чин  кормандони Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират иштирок намуда, доир ба фаъолияти корхонаи мазкур, падарону модарони донишҷён ва бархе аз роҳбарияти ширкати ««Хуа-Син Ғайюр» мулоқот ва сӯҳбатҳо оростанд. Зимни ҳамсӯҳбат шудан бо яке аз масъулини ширкат онҳо чунин баён доштанд: «Санги якуми корхонаи мазкур, соли сипаришуда гузошта шуда, иқтидори истеҳсолии солонаи он баъди пурра ба истифода додани корхона 1 миллион тонна сементро ташкил хоҳад дод».

Бояд қайд намуд, ки дар моҳи августи соли гузашта, ширкати «Хуа- Син Сентрал Азия» бо ширкати Гайюр якҷоя шуда, ширкати «Хуа-Син Ғайюр»-ро ташкил доданд.

Сарчашмаи хабар илова намуд, ки тамоми хараҷот барои ҳарду гурӯҳ дар ҳаҷми 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Масъулини Хадамти муҳоҷират мегӯянд, ин гурӯҳ ҷавононе, ки ба Чин  фиристода шуданд, баҳри ободӣ ва пешрафти кишвар, рушд ва тараққиёти мамлакат, тавсеа ва истиқлолияти иқтисодии ҷумҳурӣ ва раҳоии кишвар аз таъмини аҳолӣ бо сементи хушсифат  саҳми бо сазо хоҳанд гузошт.
Бино ба иттилои манбаъ,  корхонаи мазкур бо таҷхизот ва технологияи навтарин ҷиҳозонида шуда, ҳаҷми умумии сармояи он 110 миллион доллари ИМА-ро дар бар гирифта, феълан вусъати корҳои сохтмонӣ дар ин корхона бо суръат идома дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)