Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:03

Номусоидии ҳаво боиси мушкилоти фурудгоҳҳо гардид

28 декабр 2012, 06:53

Бино бар мусоид набудани ҳаво шаби гузашта қабул ва нишасти ҳавопаймои хатсайри Маскав-Кӯлоб дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб имконнопазир шуд.

Маҳмадюсуф Шодиев, котиби матбуотии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Озодагон иттилоъ дод, ки вақте қабули ҳавопаймо дар фурудгоҳи Кулоб ғайриимкон буд, фурудгоҳи Душане ҳавопаймои мазкурро қабул намуд.

Номбурда мегӯяд, ҳоло барои парвоз дар хатсайри Душанбе-Кӯлоб омодагӣ дида мешавад: «Боридани барфи шадиде, ки фаъолияти муқаррарии фурудгоҳи байналмилалии Душанберо дирӯз мушкил гардонид, бартараф карда шуд. Пас аз пурра аз барф тоза намудани хати нишасту парвоз, кам шудани боришоти парф ва поин рафтани суръати шамол оғоз аз соати 17.00-и 27-уми декабри соли равон қабул ва гусел намудани ҳавопаймоҳо идома ёфт».

Манбаъ илова намуд, ки тамоми шаб ҳамаи рейсҳое, ки дар фурудгоҳи Хуҷанд парвоз ба Душанберо интизор буданд, расиданд.

Гуфта мешавад, ҳарчанд фурудгоҳи Душанберо зарурат пеш омад, ки дар реҷаи ниҳоят муташаккил фаъолият намояд, бо вуҷуди ин кормандони хадамоти хизматрасониҳои рӯизаминӣ, хадамоти аэродром ва истеҳсолӣ-тиҷоратӣ дастаҷамъона кор карданд.

Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ низ аз худ фаъолияти хуб нишон дода, барои таъмини саривақтии бақайдгирии мусофирон кӯшиш намуданд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!