Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:03

Тағйирёбии иқлим: Воқеият ё сиёсати бузург?

20 июн 2011, 09:08

Солҳои охир тағйири иқлим ба «мушкили рӯз»-и ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил шудааст ва Тоҷикистон ҳам аз ин раванд барканор нест. Дар як вақт борону барфу сел зиёд мешавад ва дар як вақти дигар ҳавои хушку бебориш таҳдид мекунад.

Ба қавли коршиносон, ҳоло тағйири иқлим хеле зуд ба амал меояд ва мутобиқ кардани зиндагии мардум ба он ниҳоят душвор аст. Рӯзи 17 июн дар Душанбе давраи омӯзишӣ барои намояндагони ВАО ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мавзӯи «Иштирок дар раванди қабули қарор оид ба масоили рушд: Имконот ва мушкилот дар барномаҳои тағйири иқлим дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мешаванд» доир гардид. Ин чорабиниро Анҷумани созмонҳои ғайридавлатӣ оид ба БОР дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Фаромарз» ва Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ташкил ва баргузор карданд. Иштирокдорони он масоили назорати сиёсатҳо ва лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд дар самти маблағгузории тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, воридсозии тағйири иқлим ба Баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист ва назорати фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар раванди амалисозии тарҳҳои дахлдорро таҳлилу баррасӣ карданд. Гуфта мешавад, ки аз оғози солҳои ҳаштодуми асри гузашта масъалаи тағйири иқлим мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Аммо ба андешаи Авилаш Роул, сарвари Анҷумани созмонҳои ғайридавлатӣ оид ба БОР, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мавзӯи тағйири иқлим дертар таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Ӯ мегӯяд: «Он солҳо Иттиҳоди шӯравӣ аз ин проблема чашм пӯшида, мегуфт, ки чунин мушкилот вуҷуд надорад».

Ин дар ҳолест, ки на ҳамаи коршиносон ба чунин баҳогузории Авилаш Роул розӣ ҳастанд. Алихон Латифӣ, раиси ташкилоти ҷамъиятии «БАРС-консалтинг» гуфт, ки масъалаи тағйири иқлим ҳама вақт буд ва дар замони шӯравӣ оид ба муҳити зист корҳои назаррас анҷом ёфтааст.


Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ

- Дуруст аст, ки тағйирёбии иқлим қаблан ҳам мушоҳида мешуд, вале акнун он хеле зуд дигаргун мешавад, - мегӯяд ҷаноби Авилаш Роул. Ба андешаи ӯ, қаблан дар атмосфера газҳои гуногун, аз қабили оксиген ва ғайра мавҷуд буданд, ки қабати ҳаворо ба хубӣ ҳифз мекарданд. Дар натиҷаи зиёд шудани шумораи аҳолии замин газҳои гулхонаӣ зиёд хориҷ мешавад, ки ҳамаи он ба атмосфера меравад. Он партову газе, ки ба ҳаво ихроҷ мешавад, аз қабати атмосфера боло нарафта, баръакс поин меояд ва ба замин гармии зиёд медиҳад. Аз ин сабаб дар як вақт борону барфу сел зиёд мешавад ва дар як вақти дигар ҳавои хушку бебориш кишти деҳқононро таҳдид мекунад. Номбурда дар бораи боздидҳояш аз минтақаҳои Тоҷикистон чунин нақл кард:

- Бо бархе аз кишоварзон дар мавриди тағйири иқлим ҳамсӯҳбат шудем ва аксари онҳо мегӯянд, ки солҳои ахир вазъи боду ҳаво тағйир ёфтааст. Дар самти Кӯлоб мушоҳида кардам, ки регу сангро ба рӯд мепартоянд. Инчунин дар ду тарафи роҳ каналҳо бунёд шудаанд, ки сатҳи роҳ аз онҳо поинтар қарор гирифтааст ва агар сел ояд, ё борони зиёд борад, об роҳро маҳкам карда, асфалтро мешӯяд. Баъдан ҳукумати Тоҷикистон боз дубора ба давлати Чин ё БОР муроҷиат мекунад, ки ба мо пул диҳед, то роҳро обод кунем.

Гуфта мешавад, ки 70%-и иқтисодиёти Тоҷикистон ба хоҷагии қишлоқ вобаста аст ва 50%-и аҳолӣ дар ин бахш ба кор ҷалб шудаанд. Агар вазъи боду ҳаво тағйир ёбад, ба хоҷагии қишлоқ зарари калон мерасад. Тибқи таҳлилҳо дар натиҷаи боронҳои ҳафтаи охир дар Суғд зардолуқоқи сокинон тар ва қисман вайрон шудааст.

Аммо Алихон Латифӣ дар бораи тағйири иқлим то андозае назари дигар дорад. Ба андешаи ӯ, бояд муайян карда шавад, ки тағйирёбии иқлим чанд фоиз аз ҳисоби қабати атсмосфера ва чанд фоиз аз ҳисоби «беҳунарӣ дар хоҷагидорӣ» ба миён омадааст. Вай аз ҷумла гуфт:

- Тағйирёбии иқлимро нашояд омили асосӣ донист! Мо худамон ҳаворо олуда кардем, ҷангалро буридем, ба рӯдҳо ҳар гуна партову ифлосӣ андохтем ва баҳона пеш овардем, ки паёмадҳои номатлуби табиӣ  ба тағйирёбии иқлим вобаста аст.

Миллионҳо доллар харҷ мешавад, вале…

Аммо мавзӯи тағйирёбии иқлим ба андешаи таҳлилгарон то андозае печида аст ва паси парда сиёсатҳои бузургро ҳам амалӣ кардан мехоҳанд. Авилаш Роул изҳор дошт, ки вазифаи онҳо назорати ҷамъиятии фаъолияти БОР аст, ки дар ин самт чӣ нақшаҳоеро амалӣ месозад.

- Ин ҷо сиёсати бузург ба назар мерасад. Мутахассисони кишварҳои абарқудрат, ки дар ҳамоишҳои тағйирёбии иқлим ширкат доранд, ба ҷойи он ки ба умқи мавзӯъ назари воқеъбинона кунанд, сиёсати кишвари худро пеш мебаранд. Дар ҳар вохӯрӣ миллионҳо доллар сарф мешавад, лекин кишварҳои ширкатдошта бар ивази кам кардани партову олудагиҳо танҳо ваъдаҳои холӣ дода мераванд. Мо бояд коре кунем, ки ин масъала роҳи ҳаллашро пайдо кунад, - мегӯяд ӯ.

Ба бовари Авилаш Роул, дар миёни кишварҳои ширкатдошта ихтилофоти зиёд вуҷуд дорад. Аз ҷумла, гурӯҳи калоне ҳаст, ки намехоҳад пули барои тағйирёбии иқлим ҷудошаванда тавассути бонк дастрас гардад. Дар навбати худ Бонки Осиёии Рушд иддаъо мекунад, ки «мо минтақаро хуб медонем ва он василае хоҳем буд, ки тавассути он пул расонида мешавад».

Ба гуфтаи таҳлилгарон, барои Тоҷикистон ду роҳ вуҷуд дорад: яке он ки мавҷудияти мушкили тағйирёбии иқлимро рад мекунад ва ё дигаре он ки ҳангоми барномарезии рушди соҳаҳои гуногун ин масъаларо дар мадди назар қарор дода, таъсири манфии тағйири иқлимро коҳиш медиҳад.

Исфандиёр Халилӣ

{jathumbnail off}

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!