Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:23

1400 нафар соҳиби ҷои кор мешаванд. Дар корхонаи нассоҷӣ

28 декабр 2012, 09:30

Дар заминаи корхонаи «Текстил-сити» -и шаҳри Хуҷанд боз як коргоҳи нави ресандагӣ бо номи «Нассоҷи Хуҷанд» таъсис меёбад.

Ба ин муносибат, Коҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд ба корхонаи мазкур ташриф овард. Тавре хабарнигори Озодагон иттилоъ дод,айни замон корҳои воридот ва васлу танзими технологияи нав дар корхона оғоз ёфта, бо ин мақсад таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ аз ширкатҳои машҳури «Ҳолинворс»-и Олмон, «Тойота Мекини»-и Ҷопон ва «Нува»-и Швейтсария харидорӣ ва ворид карда шудаанд. Мутахассисони соҳа мегӯянд, ки баробари ба фаъолият шурӯъ кардани корхонаи ресандагӣ, имкони барқарор намудани иқтидори пурраи истеҳсолии коргоҳҳои дигари «Текстил сити», аз қабили коргоҳҳои бофандагӣ, кешбофӣ, рангубор ва пардоздиҳӣ низ фароҳам меояд.  

Гуфта мешавад, ин корхона дар марҳилаи аввали кор, яъне то охирхои моҳи март 300 нафар ва дар сурати фаъолияти пуррааш дар моҳи июн боз 1100 нафар, дар маҷмӯъ 1400 нафарро бо кори доимӣ таъмин менамояд.  

Маврид ба ёдоварист, дар замони собиқ шӯравӣ ин коргоҳ беш аз 15000 коргар дошт ва 60 миллион метрии мукааб маҳсулот мебаровард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!