Бехатарии воситаи нақлиётро риоя накардани ронанда мунҷар ба марги худи ӯ гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЕУ-Дамас» рақами давлатиаш ТҶ 97-05 АС 02, Соҳибҷон Раҳимқулови 23 сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аснои ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Исмоили ҳамин ноҳия, бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа худи ронанда Соҳибҷон Раҳимқулов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, мусофири автомашина Шавқат Холмирзоеви 23 сола, сокини кӯчаи Ленини ноҳияи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Мӯҳр