Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни мулоқоташ бо Дидйе Леруа, сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Тибқи иттилои кумитаи мазкур, дар ҷараёни вохурӣ имкониятҳо ва роҳҳои муосири рушди ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ миёни ду кишвар, чораҳои иловагӣ ҷиҳати ҷалби доираи васеи сармоягузорони фаронсавӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, воқеияти татбиқи лоиҳаҳое, ки дар онҳо саҳми Ҳукумати Фаронса ва ё ширкатҳои фаронсавӣ ба назар мерасад, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Гуфта мешавад, сафири Фаронса зикр намуд, ки айни замон Ҳукумати Фаронса ҷиҳати рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишвар диққати хосса зоҳир менамояд ва дар ин ҷода аз мусоидати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои ба роҳ мондани ҳамгироию ҳамкории зич, умед бастааст.
Давлаталӣ Саидов иброз доштааст, ки бозори Тоҷикистон барои ҳамаи сармоягузони хориҷӣ, бахусус барои Фаронсаву дигар давлатҳои Авруппо кушодааст ва қонунгузории ҷорӣ дар самти пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон кафолати ҳуқуқу манфиатҳои сармоягузорон, инчунин як қатор имтиёзу сабукиҳоро барои онҳо муҳайё сохтааст.
Мӯҳр